- даст
- [دست]1. узви бадани инсон аз шона то нӯги ангуштон; каф ва панҷаи даст, яд2. маҷ. ҷавр, бедод, тааддӣ: аз дасти замона3. сӯй, тараф, ҷониб: дасти рост, дасти чап4. дафъа, карат, бор; навбат (дар қиморбозӣ)5. нум. маҷмӯи чизҳои якҷинса, ки барои ягон эҳтиёҷ ба кор меравад; як даст либос як сару по либос (аз каллапӯш то пойафзол)◊ дасти кӯтоҳ кӯтоҳдастӣ, нотавонӣ, оҷизӣ; ба зери дасти… а) дар тобеияти…, дар итоати…; б) бо роҳбарии…; даст афшондан рад кардан (бо ишораи даст); аз баҳри чизе гузаштан, сарфи назар кардан; ба эътибор нагирифтан; даст бардоштан аз касе ё чизе ба ҳоли худ мондан касеро ё чизеро, ба касе кордор нашудан; муқ. даст кашидан; даст бардоштан ба сари касе даст боло кардан ба сари касе бо нияти задан; касеро задан; даст бурдан ба коре шурӯъ кардан ба коре; машғул шудан ба коре; даст гирифтан а) киноя аз дастгир кардан, гирифтор кардан; б) ёрӣ расондан, мадад кардан ба касе; даст дароз кардан (намудан) а) даст ёзондан, дастро пеш бурдан; даст додан ба касе; б) даст расондан, даст задан (бо мақсади хӯрдан); даст дароз кардан ба касе зӯрӣ кардан; ҷабр кардан; таарруз (таҷовуз) кардан ба касе; даст додан ба касе а) вохӯрдӣ кардан, ба аломати ризоият дасти якдигарро фишурдан; б) бо пайдо шудани имконият ба чизе муяссар шудан; агар фурсат даст диҳад агар вақти мусоиди коре пайдо шавад, агар фурсат барои иҷрои коре фароҳам ояд; даст доштани касе дар коре а) маҳорат доштан дар коре, аз кору касбе огоҳ будан; б) дахолат доштани касе дар коре; даст ёфтан ба касе ё чизе а) ба даст даровардан касе ё чизеро; б) зафар ёфтан, ғолиб омадан бар касе ё чизе: тасаллут ёфтан; даст задан а) даст расондан ба чизе; б) машғул шудан бо коре; аз пайи коре шудан; даст кашидан а) тарк кардан, рӯй гардонидан аз чизе, худро боздоштан аз коре; б) касеро ба ҳоли худ мондан, ба касе кордор нашудан; даст кофтан а) даст расондан, даст задан; б) кордор шудан, мудохила кардан (ба кори касе); даст мондан имзо кардан; даст расидан вақт доштан, фурсат ёфтан барои иҷрои коре: ба сар хоридан ҳам даст намерасад; дасти бегона ба миён даромадан дахолат кардани шахси бегона ба кори касе, ниҳонӣ халал расонидани шахсе ба коре; дасти ёрӣ додан (дароз кардан) ба имдоди касе омадан, ёрӣ расондан ба касе; дасти касе сабук будан корҳои мекардагии касе ҳамеша ба хайр анҷомидан; устои касби худ будан, дар касби худ маҳорат доштан; дасти касе қалб будан а) одати дуздӣ доштан; б) қаллоб, ҳаромкор будани касе; дасти тамаъ дароз кардан тамаъкорӣ кардан, аз рӯи ҳирсу оз муносибат кардан бо касе; дасту дил шустан дилхунук шудан аз чизе ё касе, майлу рағбат ё меҳру дилбастагиро гум кардан нисбат ба чизе ё касе; дасту по гум кардан чӣ кор карданро надониста мондан, саросема шудан, инони ихтиёрро аз даст додан, худро гум кардан (аз ғояти хиҷолат, шодӣ, ҳаяҷон ва ғ.); даст-даст карда… даст расонда, даст зада, палмосида, ламс карда; даст ба даст карда… дастҷамъона, якҷоя, аҳлона (иҷро кардани коре); даст ба гиребон шудан бо ҳам дарафтодан; ҷанҷолу муноқиша кардан; даст ба хок кардан қазои ҳоҷат кардан; аз даст додан гум кардан, маҳрум шудан аз чизе; аз даст омадан аз ӯҳдаи иҷрои коре баромадан; имконият доштан, тавонистан; аз даст рафтан аз тасарруфу ихтиёри касе баромадани чизе; маҳрум гардидан аз чизе; ба даст афтидан (афтодан) а) ба даст даромадан, ба тасарруфи касе даромадан, дастраси касе шудани чизе; б) дар аснои иҷрои коре ё ҷинояте дастгир шудан; ба даст гирифтан ба тасарруфи худ даровардан; ба итоати худ даровардан; ба даст даровардан (овардан) ба тасарруфи худ даровардан, соҳиб шудан; ба даст даромадан (омадан) ба тасарруфи касе даромадан, ба ихтиёри касе даромадан; ба дасти касе нигоҳ карда мондан мӯҳтоҷи касе шудан (хусусан дар таъминот); ба дасти касе супурдан ба ихтиёри касе супурдан, ба касе гузоштан чизеро; дар дасти касе калон шудан дар тарбия ва парастории касе ба воя расидан; худро (ба) даст гирифтан ба худ тасаллут ёфтан, худдорӣ кардан, худро нигоҳ доштан (аз хашму ғазаб, гиря ва ғ.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.